Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Июнь 6, 2024 19:41

ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар оғози ҳамоиш ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода изҳор намуд, ки ҳадафи вохӯрии Пешвои миллат бо аҳли илм ва маориф- ин баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон аз вазъи кунунии ҷаҳони муосир,  ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки насли наврасро бояд дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватанпарастӣ ва эҳтироми забони модарӣ тарбия намоем.

Ҳамзамон оид ба бахшҳои гуногуни суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат ибрози назар намуда, дар бораи дастовардҳои соҳаҳои илму маориф дар замони соҳибистиқлолӣ, вазифаю масъулияти олимон дар ҷомеа ва тарбияи муҳаққиқони ҷавон сухан гуфта шуд.

Дар поёни ҳамоиш байни иштирокчиён ва ҳозирин мубодилаи афкор доир шуда, иброз гардид, ки ҳар сухани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамо баҳри фардои дурахшони миллат аст.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон  

Июнь 6, 2024 19:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид