Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон оид ба «Истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим» ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим» бо иштироки ҳайати олимону муҳаққиқон ва коршиносону мутахассисони мамлакат конфронси илмӣ — амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи номбурда хабар доданд.
Иброз гардид, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон бо ҷомеаи умумибашарӣ ҳаммаром буда, давлати мо нисбат ба проблемаҳои глобалӣ бетараф нест. Барномарезиҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи табиат, бахусус дар ҷодаи об барои наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун роҳнамо баҳри истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои табиӣ ва нотакрори Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатию ғайридавлатӣ дастгирии амалӣ меёбад.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати умумиҷаҳонӣ мақоми меҳвариро соҳиб гардидааст. Аз ҷумла, Пешвои миллати мо бо як силсила ташаббусҳои муфид оид ба истифодаи оқилонаи об борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид баромад намудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар сиёсати байналмилалии об Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои фаъол маҳсуб мешавад. Тоҷикистон ташаббускори асосии Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), ҳамчунин Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028) мебошад.
Дар ҳамоиш оид ба мавзуъҳои «Энергияи барқароршаванда: масъалаҳо ва тамоюли рушд», «Оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар замони муосир», «Рушди илм ва дурнамои он дар масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ», «Масъалаҳои ҳифз, нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» ва «Ҳифзи табиат ва мушкилоти экологии он: мушкилот ва роҳҳои ҳалли муосир» маърузаҳо шунида шуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон






