Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар барои ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ-ихтироъ ва ҳифзи ҳуқуқии он» бо донишҷӯёну омӯзгорон машварати фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар хабар доданд.
Гуфта шуд, ки машварат бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати хирадмандона ва иқдоми пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ, ҳамзамон баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии онҳо оид ба мафҳум ва моҳияти навоварию ихтироъкорӣ ва иттилоотонии онҳо гузаронида шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ дар самти моликияти зеҳнӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 39 созишномаву шартнома ва конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ҳамроҳ гардида, бо идораҳои патентии давлатҳои ҷаҳон бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонид.
Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид.
«Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъмини татбиқи афзалияти асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, мақсад ва вазифаҳои ояндаи самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи моликияти зеҳниро муайян намуда, ба рушди эҷодиёт, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва устувории мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати шарики баробарҳуқуқ, таъсиси заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳамгироии неруи миллии зеҳнӣ ба неруи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






