Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо намояндагони Пажуҳишгоҳи кореягии тадқиқоти роҳи оҳан вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо намояндагони ширкати кореягии «Yooshin» ва Пажуҳишгоҳи кореягии тадқиқоти роҳи оҳан ҷиҳати асосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳаи иншооти «Сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ — Панҷи Поён» баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба омода намудани муҳандисони самти роҳсозӣ дар ҷумҳурӣ, барномаҳои таълимии сохтмони роҳҳо дар донишгоҳ, баҳисобгирии тағйирёбии иқлим ҳангоми лоиҳакашии роҳ, кам намудани ҳаҷми газҳои ихроҷшаванда ба атмосфера ҳангоми роҳсозӣ, стандартҳои сохтмону таҷдиди роҳҳо, маводҳои сохтмонӣ, такмили дараҷаи касбии устодон, табодули академии омӯзгорон ва донишҷуён ва амсоли инҳо ба таври муфассал мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо баргузор намудани машварати омӯзиширо барои омӯзгорону донишҷӯён вобаста ба мавзуъҳои дахлдори самти роҳи оҳан бо ҷалби мутахассисони байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадам дар рӯзҳои наздик қобили мақсад шуморида, барои мулоқоти судманд ва пешниҳоди мушаххас изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар рушду ободонии ҷумҳурӣ дар самти сохтмони роҳҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ нақши сазовор гузошта, барои ба ҷумҳурии транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи ҷаҳониро пайваста роҳандозӣ менамоянд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ








«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»






