Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намоиши маҳсулот ва ярмаркаи ҷойи кор барои хатмкунандагон баргузор шуд

Июнь 1, 2024 19:29

ДУШАНБЕ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби чанд корхонаю муассиса ва ташкилот намоиши маҳсулот ва ярмаркаи ҷойи кор барои хатмкунандагони донишгоҳ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони мамлакат, муҳайё намудани шароити мусоид ва ба ин васила беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Агар яке аз роҳҳои ҷалби аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба кор ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи кор тавассути мактабҳои олӣ, техникум ва коллеҷу литсейҳо омода намудани мутахассисони воқеан ҳам дар бозори меҳнат рақобатпазир бошад, роҳи дигари он таъсиси даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат, баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойи кор аст, ки бо ибтикори кумитаю вазоратҳо амалӣ гардонида мешавад.

Ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки омода намудани мутахассисони рақобатпазири мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат, аз техника ва технологияҳои нави муосир бархурдор ва эҷодкору навовар яке аз вазифаҳои асосии таълимгоҳҳои олии мамлакат аст. Ин масъала борҳо дар суханрониҳо ва паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлил ва масъалагузорӣ қарор гирифта, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд  барномаҳои давлатӣ ва қарорҳоро таҳия ва қабул намуд.

Гузариш аз шакли аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон масъалаҳои нави омодасозии мутахассисони соҳаи саноатӣ ба миён меоварад. Махсусан, аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 моро водор месозад, ки мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат омода намоем.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Июнь 1, 2024 19:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд