Дар Душанбе ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Малайзия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо иҷрокунандаи Раиси (муовини Раиси) Сенати Малайзия Нур Ҷазлон Муҳаммад баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии мамлакат иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот иброз гардид, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба бо Малайзия ҷойгоҳи хосса дорад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таъсиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Малайзия, омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар истеҳсоли неруи «сабз», ба роҳ мондани хатсайри мустақим байни ду давлат, ҷалби сармоя, инчунин таъсиси паркҳои технологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Тоҷикистону Кипр робитаҳои байнипарламентиро тақвият медиҳанд
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи экологӣ доир шуд
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон якчанд созишнома ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд






