Дар Душанбе «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз шумораи умумии соҳибкорон 23 фоизро занон ташкил дода, дар давоми 5 соли охир маблағи қарзҳое, ки аз ҷониби бонкҳои мамлакат ба онҳо пешниҳод гардидаанд, ба 15,8 миллиард сомонӣ мерасад. Чунин гуфта шуд, дар муаррифии «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027», ки имрӯз дар Душанбе бо иштироки занони соҳибкор, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сухан гуфтанд.
Таъкид карда шуд, ки «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» ҳуҷҷати стратегӣ маҳсуб меёбад. Барнома дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳия гардида, дар раванди таҳияи он вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила ва дигар мақомот иштирок намудаанд.
Иброз гардид, ки инчунин дар раванди таҳияи он фикру мулоҳизаи занони соҳибкори минтақаҳои гуногуни мамлакат ба инобат гирифта шудааст.
Тазаккур дода шуд, ки ҳадафи Барнома мусоидат ба дастгирии рушди соҳибкории занон, беҳтар намудани вазъи соҳибкорӣ барои занон, ҷалби сармоя барои густариши фаъолияти соҳибкории занон ва ба ин валсила зиёд намудани шумораи занони соҳибкор, фароҳам овардани шароит ва имконияти мусоид барои рушди соҳикбории занон ва баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошад.
Рушди соҳибкорӣ дар байни занон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат мебошад. Ин аст, ки бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 2006 дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президентӣ таъсис дода шудаанд, ки ин тадбир ҳамчун таҷрибаи муҳим барои дастгирии занон арзёбӣ мегардад. Аз соли 2011 то соли 2013 ҳамасола бо ин мақсад аз буҷети давлатӣ 1 миллион сомонӣ ҷудо карда мешуд. Бо қарори Ҳукумати мамлакат аз соли 2013 теъдоди грантҳо аз 40 ба 80 адад ва ҳаҷми маблағҳо аз 1 миллион сомонӣ ба 2 миллион сомонӣ зиёд карда шуд. Соли 2022 дар асоси қарори марбутаи Ҳукумати мамлакат ҳаҷми маблағҳои грантӣ аз 2 миллион сомонӣ ба 2,5 миллион сомонӣ барои занони соҳибкор зиёд гардид.
Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 апрели соли 2024 маблағи грантҳо ба 5 миллион сомонӣ расонида шуд ва соли равон лоиҳаҳои 120 зани соҳибкор дастгирӣ хоҳанд ёфт.


Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳаи ҳунармандӣ моҳи феврали соли 2024 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024 -2028» қабул гардид. Тибқи қарори мазкур, аз соли 2024 то соли 2026-ум 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ таъсис дода шуд. Фаъолияти занони соҳибкор бозгӯи он аст, ки бо истифода аз маблағҳои грантӣ занони соҳибкор тавонистанд, дар ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҳунару касбомузӣ фаро гирифтани занону духтарони бешуғл саҳми муносиб гузоранд.
Таъкид гардид, ки натиҷаи амалигардонии тарҳҳо бозгӯи он аст, ки занони тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ , дӯзандагӣ, парвариши чорво, парранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ дорои малакаи баланди корофаринӣ мебошанд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Маркази таълимии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ориёнбонк» Сафарбӣ Файзова гуфт, дар мамлакат ҳудуди 80 ҳазор занон ба соҳибкорӣ асосан дар соҳаҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ ва ҳунарҳои дастӣ фаъолият менамоянд, ки саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат назаррас мебошад.
Дар чорабинӣ ҳамзамон занони соҳибкор, намояндагони вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалию молиявӣ доир ба роҳҳои татбиқи Барнома ва дигар масъалаҳои муҳим, ки ба рушди соҳибкорӣ дар байни занон, аз ҷумла нақши бонкҳо дар рушди соҳибкории занон, татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зан дар тиҷорат ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқии занон дар соҳибкорӣ нигаронида шудаанд, ибрози назар намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
Тоҳирҷон САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






