Дар Душанбе дар мавзуи «Таҷдиди Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон дар соли 2025» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2024/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар мавзуи «Таҷдиди Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ва бахши хусусӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҷамъ овардани ҷонибҳои асосии манфиатдор аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ барои баррасии масъалаи такмил намудани «Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025» аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш буд.
Дар ҳамоиш аз ҷониби намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва шарикони рушд 3 рӯнамо-баррасии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ва дастовардҳои он, аввалин гузориши миллии Тоҷикистон оид ба шаффофият ва тақвияти иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи чаҳорчӯби шаффофият дар доираи Созишномаи Париж (CBIT) муаррифӣ гардид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






