Дар Душанбе Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо воситаҳои ахбори омма» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо воситаҳои ахбори омма» муаррифӣ гардид. Дар маросими муаррифии лоиҳаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, кормандони сафоратҳо, роҳбарони созмонҳои журналистӣ, намояндагони марказҳои матбуотӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни муаррифии лоиҳа гуфта шуд, ки матбуот яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, дар раванди демократикунониву ташаккули афкори ҷомеа ва дар муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим мебозад. Дар ин замина амалишавии Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо воситаҳои ахбори омма» барои рушд ва пешрафти марказҳои матбуотии вазорату идораҳои мамлакат зарур ва саривақтӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳамкории судманд байни рӯзноманигорон ва марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ ҷавобгӯи манфиатҳои соҳавии ҳар як вазорату идораи давлатӣ буда, бо ин восита мо метавонем фаъолияти ниҳоди дахлдорро дар фазои иттилоотӣ ба шакли лозима пешкаши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардонем.
Иттилоъ дода шуд, ки Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо воситаҳои ахбори омма» бо дарназардошти муҳиммияти самаранокии кори марказҳои матбуотӣ дар муаррифии фаъолияти дастовардҳои ниҳодҳои давлатӣ, густариши равобити мутақобилан судманди онҳо бо рӯзноманигорон таҳия шудааст.
Ҳадафи лоиҳа ташаккули фазои мусоиди ҳамкорӣ байни котибони матбуотӣ ва расонаҳо ҷиҳати инъикоси шоистаи кори ниҳодҳои давлатӣ ба ҷомеа ва бо ин васила таъмини дастрасӣ ба иттилои сареъ ва боэътимод мебошад.
Дар доираи ин лоиҳа, баргузории мизҳои мудаввар ва машғулиятҳои амалии омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони соҳа ва рӯзноманигорони ботаҷриба дар назар дошта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






