Дар Душанбе масъалаи кумаки бебозгашти техникии Чин ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи кумаки бебозгашти техникии Чин ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода бо намояндагони Вазорати савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ширкати технологии «НУКТЕК»-Чин дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар асоси «Мубодилаи ёддоштҳо оид ба пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин», ки 13 октябри соли 2018 ба имзо расонида шуда буд, аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ дар моҳи январи соли 2020 ба Хадамоти гумрук тақдим гардид.
Таҷҳизоти муоинаи гумрукии ширкати «NUCTECH COMPANY LIMITED»-и Чин, аз 8 номгӯй ва 146 адад иборат буда, насб ва васл намудани ин таҷҳизот аз ҷониби мутахассисони чинӣ дар гумрук ва дидбонгоҳҳои гумрукии Хадамоти гумрук ба анҷом расонида шуда, ҷониби чинӣ кафолат ва хизматрасонии ин таҷҳизотро дар муҳлати ду сол аз санаи насби онҳо, ба зимма гирифта буд ва ин марҳила айни ҳол ба анҷом расидааст. Аз ин рӯ, намояндагони Чин аз раванди муоинаи гумрукӣ, ки бо истифода аз технологияҳои чинӣ анҷом дода мешавад, аз наздик шинос шуданд.
Гуфта шуд, ки вохӯрии мазкур дар тақвият ва густариши ҳамкории гумрукӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкориро муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар самти фаъолияти гумрукӣ масъалагузорӣ карданд.
Таъкид гардид, ки баъди насби таҷҳизоти техникии чинӣ иқтидори назоратии гузаргоҳҳои наздисарҳадии гумрукӣ тақвият ёфта, инфрасохтори гумрукие, ки ба талаботи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, фароҳам оварда шудааст.
Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷудаи байни давлатҳо, ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҷиҳати пешбурди раванди корӣ дар сатҳи дахлдор ташкил ва татбиқи лоиҳаҳои нави ҳамкориро бояд шуруъ намоянд.
Ҳайати намояндагони Чин инчунин бо раванди фаъолияти дидбонгоҳи терминали №1 дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид






