Дар филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Кӯлоб низоми нави АПР DF 2000 ҷорӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Кӯлоб корҳо барои ҷорӣ намудани низоми нав — АПР DF 2000 барои муайян намудани самти дақиқи ҳавопаймо дар фазо оғоз гардиданд. Тибқи нақша, низоми мазкур то охири моҳи июли соли равон мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» хабар доданд.
Ҷорӣ намудани низоми нав АПР DF 2000 ҷиҳати таъмини бехатарии парвоз, аниқтараш ба таври амиқу дақиқ пешниҳод намудани маълумот дар бораи хавопаймоҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин низоми мазкур барои боз ҳам бехатар гардонидани хизматрасонии парвозҳо шароити мусоид фароҳам меорад.
Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар радифи филиалҳои корхона, барои густариши фаъолияти босамар, таъмини мутахассисон, харидорӣ ва насби техникаҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯз ва ободонии гирду атрофи бинои корхона, фароҳам овардани шароити мусоид барои кормандон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
АКС: «Тоҷикаэронавигатсия»








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






