Дар филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Кӯлоб низоми нави АПР DF 2000 ҷорӣ карда мешавад

Июнь 22, 2024 11:23

ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Кӯлоб корҳо барои ҷорӣ намудани  низоми нав — АПР DF 2000 барои муайян намудани самти дақиқи ҳавопаймо дар фазо оғоз гардиданд. Тибқи нақша,  низоми мазкур  то охири моҳи июли соли равон  мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» хабар доданд. 

Ҷорӣ намудани низоми нав АПР DF 2000 ҷиҳати таъмини бехатарии парвоз, аниқтараш ба таври амиқу дақиқ пешниҳод намудани маълумот дар бораи хавопаймоҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин низоми мазкур барои боз ҳам бехатар гардонидани хизматрасонии парвозҳо шароити мусоид фароҳам меорад.

Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии­ «Тоҷикаэронавигатсия»  дар радифи филиалҳои корхона,  барои густариши фаъолияти босамар, таъмини мутахассисон, харидорӣ ва насби техникаҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯз ва ободонии гирду атрофи бинои  корхона, фароҳам овардани шароити мусоид барои кормандон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

АКС: «Тоҷикаэронавигатсия»

Июнь 22, 2024 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид