Дар Хива масъалаи дар оянда эълон намудани яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон ҳамчун пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ шуд

Июнь 3, 2024 17:22

ДУШАНБЕ, 03.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, 1-2 июни соли 2024 дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон Конфронси 12-уми вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории исломӣ таҳти унвони «Хива – пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар соли 2024» доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иштирок намуд.

Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар ҳошияи иштирок дар конфронс вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусейн Иброҳим Таҳа мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои  ҳамкории Тоҷикистон ва Созмонро мавриди баррасӣ қарор доданд,

Дар вохӯрӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ ҷонибҳо бо баррасии ҳамкории минбаъда атрофи баргузор намудани чорабиниҳои Созмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон намудани яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон ҳамчун пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар солҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Узбекистон Азиз Абдуҳакимов доир гардида, ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар самти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармоя, роҳандозии хатсайрҳои сайёҳии муштараки гуногунсамт, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва роҳандозӣ намудани сафарҳои муштараки мактаббачагон байни ду давлат баррасӣ карда шуданд.

Ҳамзамон Камолиддин Муминзод бо директори минтақавии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Халиҷ ва Ховари Миёна Басма ал Майман мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи сайёҳӣ ва сафарбар намудани донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат тибқи барномаҳои Созмон мубодилаи афкор намуданд.

 АКС: Кумитаи рушди сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2024 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст