Дар Хуҷанд бо иштироки ҳайати занони Чин барномаи фарҳангӣ доир гардид

Июнь 20, 2024 09:12

ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 19 июн дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳайати бонуфузи занони Чин, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми занони Тоҷикистону Чин ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ ҳунармандони тоҷик бо таронаҳои дилнишини мардумии тоҷикиву чинӣ хотири ҳозиронро болида гардонданд.

Дар фарҷом ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ дар шакли ҷомаву болопӯшҳои миллӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки 18 июн ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми занони Тоҷикистону Чин, ки 20 июн дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардид, ба Тоҷикистон омад. Меҳмонон дар шаҳри Хуҷанд рафта, дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи муштараки расмҳои рассомони Тоҷикистон «Симои зан» ва симои каллиграфияи устодони чинӣ «Маънии ҳаёт» дар «Қалъаи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, дар ин ҷо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Осорхонаи археологию фортификатсионии шаҳрро тамошо намуданд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду давлат —Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкории стратегии мамлакатҳои мо ба сатҳи сифатан баланд расида, сол то сол густариш меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Июнь 20, 2024 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд