Дар Хуҷанд Намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон ва намунаҳои ҳунари хаттотии Чин доир гардид

Июнь 20, 2024 11:06

ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрӣ-Мулоқоти занони Тоҷикистону Чин дар вилояти Суғд қарор дорад, Намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон таҳти унвони «Симои зан» ва намунаҳои ҳунари хаттотии Чин бо номи «Моҳияти ҳаёт»-ро тамошо карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Намоиши асарҳо дар Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»  оғоз гардида, меҳмонони олиқадрро раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, роҳбарзанони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, муовинони як қатор ниҳодҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз ҳисоби бонувон пешвоз ва пазироӣ намуданд.

Раиси Кумита ва роҳбари Федератсияи занони Чин қабл аз оғози намоиш оид ба дастовардҳои занон дар тамоми самтҳои ҳаёт, саҳми назарраси онҳо дар рушду пешрафти ҷомеа, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тадбирҳои баланд бардоштани  мақоми зан дар ҷомеа, ҳамкории мутақобилан судманди ҷонибҳои Тоҷикистону Чин дар самти кор бо занон ва оила ибрози назар намуданд.

Сипас ҳайати ҷонибҳо бо мусаввараҳои рассомон ва хаттотон аз наздик ошно шуда, оид ба моҳияти онҳо ибрози андеша намуданд.

Намоиш бо тамошои эъҷози дастони ҳунармандони гулдасти вилояти Суғд – кандакорӣ,  оинабандӣ ва  кулолгарӣ ҷамъбаст гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Июнь 20, 2024 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад