РУШДИ САНОАТ. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сохтмони корхонаи коркарди намак, истеҳсоли равған ва набот идома дорад
ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба кам кардани талафоти нерӯи барқ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сохтмони зеристгоҳи барқи 110/35/10 кВ бо насби 2 адад трансформатори тавоноиашон баланд дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Айни замон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» 8 субъект ба фаъолияти истеҳсолӣ машғул мебошад. Аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли қисмҳои автомобилӣ ҳавотозакунакҳои (филтрҳои) ҳавоӣ ва равғанӣ барои автомашинаҳоро истеҳсол менамояд. Фаъолияти ин корхона аз ҷониби ҶДММ «Тоҷик Алмос» ба роҳ монда шуда, дар 4 моҳи соли 2024 — 8100 адад ҳавотозакунакҳо ба маблағи 29,3 ҳазор сомонӣ истеҳсол намудааст. Дар корхонаи мазкур айни ҳол 20 нафар кормандон, аз ҷумла 14 нафар аз ҳисоби занҳои хонашини маҳаллӣ кор карда истодаанд.
Аз ҷониби ҶДММ «Кӯлоб агросаноат» ҳамчун субъекти дуюм бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи коркарди намак, истеҳсоли равған, набот ва банду басти намаки ошӣ идома дорад.
Аз ҷониби ҶДММ «Кӯлоб Пласт» бошад сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулот аз пластмасса оғоз гардидааст.


Зимнан дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб панҷарабандӣ ба масофаи 5,9 км анҷом ёфта, корҳо иловатан марҳила ба марҳила идома ёфта истодааст.
Сохтмони бинои маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», меҳмонхона барои 20 ҷой ва гузаргоҳи гумрукӣ идома доранд.
Чоҳи амудӣ барои таъмини оби нушокӣ канда шуда, барои кашидани хатти алоқаи кабелии телефонӣ ва интернетӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони беш аз 309 гектар таъсис дода шудааст. Бо ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақими хориҷӣ маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» 7 шартнома ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ба имзо расонидааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.









Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид






