Дар ноҳияи Рашт Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ҷашн гирифтанд

Июнь 1, 2024 17:33

РАШТ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи бошукуҳи идона баргузор  гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Ҳамзамон  дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳия ҳунарҳо ва  дастовардҳои  дастии кӯдакон ба намоиш  гузошта шуданд.

Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода гуфт, ки ҳар сол чун анъана 1 июн  дар саросари олам, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рӯзи байналмилалии  ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.

Бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи  оила, кӯдак ва волидайн чун меҳвари давлатдории навини тоҷикон рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои муаззами миллат таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак таҳти назорати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт  қарор дорад.

Аз ҷониби давлат барои амалишавии орзуву ормонҳои кӯдакон, бахусус кӯдакони ятиму бепарастор дилсӯзиву меҳрубонии хосса зоҳир мегардад.

Ҳамзамон дар ҳамоиш ба кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд туҳфаҳои хотиравӣ  тақдим карда  шуда,   аз  тарафи бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба кӯдакони навтаваллудшуда шаҳодатнома дар бораи таваллуд дода шуд.    

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Июнь 1, 2024 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад