Дар ноҳияи Восеъ беш аз 28 ҳазор гектар замини кишт мавҷуд аст
ВОСЕЪ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ноҳияи Восеъ 28 ҳазору 170 гектар замин мавҷуд аст, ки аз ин дар беш аз 15 ҳазор гектар ғаладонагиҳо, зироати техникӣ ва зироати хӯроки чорво кишт мешавад, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 кишоварзони ноҳия ба хориҷи мамлакат 2680 тонна маҳсулот содирот карданд.
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар натиҷаи заҳмати пайваста имсол ҳосили фаровони пиёз, картошка, бодирингу помидор, қаланфури булғорӣ ва дигар намуди маҳсулот ба даст оварданд.
Яке аз кишоварзони ноҳия Маҳмадҷон Маҳмадов иброз дошт, ки «дар айни замон дар ноҳия ҷамъоварии пиёз идома дорад. Мо тасмим гирифтаем, ки баъд аз ҷамъоварии пиёз дигар намуди маҳсулот кишт намоем».
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






