Дар рӯзномаи байналмилаллии арабии «Аш- Шарқ ал-Авсат» фарҳангу адабиёти тоҷик муаррифӣ гардид

Июнь 19, 2024 16:58

 ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар рӯзномаи байналмилаллии арабии «Аш- Шарқ ал-Авсат» (Ховари Миёна) мусоҳибаи арабшинос ва тарҷумони тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Нарзулло Назар ба нашр расид,ки  дар он доир ба  таърихи адабиёти тоҷику  форс, шеъри асилу оламшумули тоҷикӣ ва робитаҳои фарҳангию адабии тоҷикон бо ҷаҳони араб  маълумот манзур гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.

Дар мусоҳиба таъкид гардидааст, ки тоҷикон аз нажоди ориёӣ буда, қадимтарин мардуми асилу бумии  минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд ва дорои фарҳангу тамаддуни куҳан мебошанд.

Мусоҳиб асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуровро, ки ба забони арабӣ тарҷума ва нашр шудаанд, муаррифи  таъриху фарҳанги  тамаддунофари  тоҷик дар ҷаҳони араб арзёбӣ намудааст.

Зимни мусоҳиба дар бораи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рудакӣ ва дигар абармардони назму насри тоҷик, ба монанди Камоли Хуҷандӣ, Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон  маълумот пешниҳод шудааст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

                              

 

Июнь 19, 2024 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад