Дар Санкт-Петербург масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 июни соли 2024 дар ҳошияи баргузории Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ҷаласаи 7-уми Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия баргузор шуд, ки дар он масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Қисмати тоҷикистонии гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия равон гардид.
Дар доираи ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаҳои амалишавии Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, иҷрои муқаррароти ҷаласаи 6-уми гурӯҳи корӣ, лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин созишнома, омода намудани ҳуҷҷатҳои пеш аз сафар, аз ҷумла гузаштани ташхиси тиббӣ ва гирифтани шаҳодатномаи донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русия мавриди муҳокима қарор гирифт.
Бо назардошти иқомати аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия масъалаи ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз мавзуъҳои калидии музокироту гуфтушунидҳо байни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад.
Аз соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия мавриди амал қарор дорад.
Дар охир ҷонибҳо баҳри таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуфташуда ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






