Дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли оксиген, масолеҳи сохтмонӣ ва коркарди гӯшти мурғ ба истифода дода мешавад

Июнь 17, 2024 10:56

ДУШАНБЕ, 17.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳри Бӯстон бунёди корхонаҳои нави саноатӣ идома дошта, имсол корхонаи истеҳсоли оксиген ва масолеҳи сохтмонии «Ваҳдати Бӯстон» ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамати матбуоти Раиси вилоти Суғд иттилоъ доданд.

Корхона аз ҷониби соҳибкорон Ҷамшед Дадоматов ва Саидкамоли Саидаҳмад дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон сохта, ба истифода дода мешавад.

Бо ба истифода додани  корхона​ 30 сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор​ таъмин мегарданд. Маҳсулоти дар ин корхона истеҳсолшаванда воридотивазкунанда буда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ хеле муҳим мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин ташаббуси соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки бояд корҳои сохтмонӣ бо сифат иҷро гардида, технологияи пешрафта ворид ва васлу насб карда шавад.

Ташаббуси дигари соҳибкорон дар шаҳри Бӯстон- ин ба роҳ мондани коркарди гӯшти мурғ ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.

Корхонаи коркарди гӯшти паранда аз ҷониби ширкати «Фаровон» таъсис дода шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 100 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 17, 2024 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд