Дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли оксиген, масолеҳи сохтмонӣ ва коркарди гӯшти мурғ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 17.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳри Бӯстон бунёди корхонаҳои нави саноатӣ идома дошта, имсол корхонаи истеҳсоли оксиген ва масолеҳи сохтмонии «Ваҳдати Бӯстон» ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамати матбуоти Раиси вилоти Суғд иттилоъ доданд.
Корхона аз ҷониби соҳибкорон Ҷамшед Дадоматов ва Саидкамоли Саидаҳмад дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон сохта, ба истифода дода мешавад.
Бо ба истифода додани корхона 30 сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Маҳсулоти дар ин корхона истеҳсолшаванда воридотивазкунанда буда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ хеле муҳим мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин ташаббуси соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки бояд корҳои сохтмонӣ бо сифат иҷро гардида, технологияи пешрафта ворид ва васлу насб карда шавад.
Ташаббуси дигари соҳибкорон дар шаҳри Бӯстон- ин ба роҳ мондани коркарди гӯшти мурғ ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.
Корхонаи коркарди гӯшти паранда аз ҷониби ширкати «Фаровон» таъсис дода шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 100 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






