Дар шаҳри Бӯстон маркази забономӯзии «Дониш» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Июнь 16, 2024 12:05

ДУШАНБЕ, 16.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Маҷмааи хизматрасонии «Ҳайат» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар он Маркази забономӯзии «Дониш» ва маркази тарғиби тарзи ҳаёти солим ҷойгиранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи пайвастаи ислоҳоти гуногуни ҳаёти иқтисодии ҷомеа, бахусус соҳибкориро яке аз омилҳоти пешбарандаи рушди босубот ва амалигардонии ҳадафҳои стратегии мамлакат медонад. Вобаста ба ин, мусоидат ба рушди соҳибкории занон низ яке аз ҳадафҳои рушди иқтисодии мамлакат дониста шуда, дар ин самт пайваста тадбирҳои муфид амалӣ мешаванд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат соҳаи соҳибкориро дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит барои ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ, бахусус тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон муайян кардааст.

Гуфта шуд, ки бо иқдоми соҳибкорзани маҳаллӣ Мақсуда Фозилова ифтитоҳ гардидани ин маркази хизматрасонӣ намунаи барҷастаи як шаҳрванди соҳибватану ободгар арзёбӣ гардида, иқдоми наҷиби ӯ барои дигарон намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошад.

Маҷмааи хизматрасонии «Ҳайат» аз 6 утоқи корӣ, аз ҷумла, утоқи маъмурият, толорҳои тамрин, маҳси бадан, ғизои солим, ҳаммом, толори истироҳатӣ ва 2  утоқи омӯзиши забонҳои хориҷӣ иборат аст. Шумораи умумии кормандон 15 нафар буда, дар як шабонарӯз ба 180 нафар мизоҷ хизмат расонида мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Июнь 16, 2024 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд