Дар шаҳри Норак заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурда мешаванд

Июнь 4, 2024 19:00

НОРАК, 04.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак сокинон ҳар қитъаи заминро самаранок ва мувофиқи мақсад истифода мебаранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба баргузории корҳои тарғиботӣ дар самти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо ҷараёни кишти заминҳои наздиҳавлигӣ шинос шуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии мамлакатамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем».

Бояд гуфт, ки сокинони маҳаллаи Энергетики шаҳри Норак маротибаи дуюм аст, ки аз замини назди биноҳои истиқоматиашон ҳосил мегиранд. Дар ин қитъа баъди ғундоштани картошка бодиринг, помидор ва ҷуворимакка кишт шуд. Тавре ба мушоҳида мерасад, аз ин қитъа ҳосили  хуб ба даст овардан мумкин аст.

Ин иқдоми пешгирифтаи сокинони маҳалла саривақтӣ буда, нишони самаранок ва оқилона истифода бурдани замин мебошад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак

Июнь 4, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад