Дар шаҳри Остона ҷаласаи умумии 78-уми Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ доир гардид

Июнь 6, 2024 19:04

ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи умумии 78-уми Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ баргузор гардид, ииттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Аъзои ҷаласа дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ин марказ маблағгузорӣ мешаванд, шинос гардиданд.  Дар кори он олимону намояндагони соҳаҳои илмиву техникии ҷаҳон, аз ҷумла президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази илмии ҷумҳурӣ ҳамкории худро бо аксарияти муассисаҳои илмии давлатҳои ҷаҳон тақвият дода, барои рушди зинаҳои гуногуни соҳа тадбирҳои саривақтӣ меандешад.

 АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июнь 6, 2024 19:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад