Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.
Муовини раиси шаҳр Раҳматҷон Турсунзода баён намуд, ки масъалаи ҳифзи муҳити зист аз масоили умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷумҳурии мо ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад. Ҳамзамон изҳор гардид, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти об, хусусан густариши энергияи «сабз» аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба ҳалли мушкилоти об ва муҳити зист равона гардидаанд.
Таъкид гардид, ки шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои бузурги саноатию кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мардуми меҳнатдӯсти он ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ва олами набототу ҳайвонот аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Дар анҷоми ҳамоиш барои ҳамкории судманд дар татбиқи сиёсати экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон як зумра кормандон ва собиқадорони соҳа бо Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.
Ғолибони озмуни экологӣ дар номинатсияҳои расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, меъмори беҳтарин, маърузаи беҳтарин, иншои беҳтарин бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






