Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади идона доир гардид

Июнь 28, 2024 10:56

ДУШАНБЕ, 28.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, ки меъмори он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, барои миллати тоҷик неъмати бузург аст. Маҳз дар партави сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат кулли соҳаҳои иқтисоди мамлакат, аз ҷумла, соҳаи энергетика рушд намуда, Тоҷикистон ба давлати ташаббускор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардид.Ин нуктаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар маҷлиси тантанавӣ, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ин ниҳод доир гардид, баён дошт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад Вазири энергетика ва захираҳои об ёдовар шуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид намуданд: «дар замони ниҳоят пуртазоди ҷаҳонишавӣ инсоният ба мушкилоту таҳдидҳои нав рӯбарӯ шуда истодааст, ки ҳаллу фасли онҳо танҳо тавассути ақлу хирад ва фарҳанги инсонпарварона имконпазир мебошад. Аз ин рӯ, наслҳои имрӯзу фардоро зарур аст, ки бо мақсади таъмини амнияти давлат ҳарчи бештар муттаҳид бошанд ва нагузоранд, ки дар ҷомеа ғояҳои ифротиву ба фарҳанги мо бегона нуфуз пайдо карда, зиндагии орому осудаи сокинони мамлакатро халалдор созанд.

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам андешаҳои худро доир ба нақши сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва марзу буми Ватан дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ иброз намуд.

Дар идомаи ҷамъомад дигар иштирокдорон доир ба нақши ваҳдати миллӣ дар давраи ниҳоят тақдирсози миллати тоҷик изҳори назар намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 28, 2024 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд