ДАСТОВАРДҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин мавзуъ озмун эълон кард
ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни мақолаи беҳтаринро таҳти унвони «Дастовардҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз» эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Озмуни мазкур байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, олимону муҳаққиқон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва рӯзноманигорони муқими Федератсияи Русия, инчунин шаҳрвандони Федератсияи Русия баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида мешаванд. Мақолаҳои пешниҳодгардида бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли электронӣ бо ҳуруфи Times New Roman Tj, андозаи ҳуруфи 14, дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи компютерӣ то 30 августи 2024, соати 18:00 (ба вақти Москва) тавассути почтаи электронии tojikon.pressa@list.ru, ksalimzoda@list.ru қабул карда мешаванд.
Шартҳои озмун чунин аст: мазмун ва муҳтавои мақола ба озмун мутобиқат намояд; матлаб ё мақола муаллифӣ ва аслӣ бошад; мақола бо яке аз забонҳо, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошад; ҳаҷми мақола на камтар аз 4 саҳифаи компютерӣ бошад ва як нафар метавонад то се мақола пешниҳод кунад.
Шартҳои ғолибият ва меъёри баҳодиҳӣ чунин аст: дар аввал бо назардошти муҳтаво ва моҳияти мақола, хатоҳои грамматикӣ ва услубии даҳ мақолаи беҳтарин аз тарафи Комисияи озмун интихоб карда мешаванд; аз мобайни даҳ мақолаи беҳтарин мақолаҳо тавассути овоздиҳии кушодаи аъзои Комиссия барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм интихоб карда мешавад; даҳ мақолаи интихобшудаи беҳтарин дар сомонаи расмии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешаванд; ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ бо Сипоснома ва мукофоти таҳиянамудаи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда мешаванд.
Суроғаи мо: шаҳри Москва, кӯчаи 2-юми Тверcкая -Ямская, хонаи 3\40, ҳуҷраи 302; Суроғаи электронӣ: tojikon.pressa@list.ru, ksalimzoda@list.ru Телефонҳо барои тамос: +7 (929) 554 83 28;
АКС: Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






