Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар Неругоҳи барқи обии «Қайроқум» мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Як қатор донишҷӯёни факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз 10 то 24 июн дар Неругоҳи барқи обии «Қайроқум» таҷрибаомӯзии истеҳсолиро гузаронида, донишҳои назариявии азхуднамудаи худро дар истеҳсолот татбиқ менамоянд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар медиҳад, донишҷӯён дар раванди таҷрибаомӯзӣ бо ҷараёни истеҳсолот, озмоишгоҳҳо, таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолӣ ва тартиби кори корхона шинос шуда, малакаи касбӣ ва донишҳои амалии худро тақвият хоҳанд дод.
Бояд гуфт, ки пайвасти илм бо истеҳсолот, густариши ҳамкорӣ бо корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ – хизматрасонӣ ва дар ин замина татбиқи Барномаи таҳсилоти дуалӣ ба натиҷаи раванди таълим таъсири мусбӣ расонида, дар рушди касбият ва тафаккури техникии донишҷӯён саҳми муносиб мегузорад. Бо ин мақсад раёсати донишгоҳ бо ширкатҳои ватанӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамкориро тақвият дода, барои кушодани филиали кафедраҳо дар истеҳсолот, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо ва дарсҳои озмоишӣ-амалӣ шартномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст.
Мавриди ёдоварист, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи энергетика ва тавлиди неруи барқи дохилӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Дар ин росто саҳми хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ки муассисаи заминавии омодакунии кадрҳои баландихтисоси соҳаи муҳандисӣ мебошад, дар рушди энергетикаи мамлакат назаррас мебошад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






