Донишҷӯёни Тоҷикистон имкони дар Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин идома додани таҳсилро доранд

Июнь 19, 2024 19:38

ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ метавонанд аз рӯйи барномаи таълимии муштараки 2+2 дар Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин ва Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин таҳсили худро идома диҳанд. Ин матлаб 18 июн зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода бо намояндагони Донишгоҳи касбӣ — техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Вохӯрии мазкур дар доираи амалисозии фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи Лубан доир шуда, дар он ҷонибҳо доир ба омода намудани мутахассисони самти сохтмон (геодезия ва картография) ва энергетика (энергияи сабз) аз рӯйи барномаи таълимии муштараки 2+2 мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Маркази таълими амалии геодезия ва картографияи интеллектуалӣ ва Маркази омӯзиши амалии энергияи сабз, ки соли 2022 бо мақсади амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бунёд карда шудааст, мавриди баррасии тарафайн қарор гирифтанд.

Қудрат Давлатзода иброз намуд, ки ҷиҳати мусоидати фаъол ба ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва татбиқи амиқи ризоияти сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин, ки зимни Саммити якуми сарони кишварҳои «Чин-Осиёи Марказӣ» таъкид гардид, таҳкими минбаъдаи ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин ва Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин дар самти рақамикунонӣ, инноватсия ва технологияи сабз, бахши гидроэнергетика ва дигар бахшҳо муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С Осимӣ

Июнь 19, 2024 19:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид