Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷиҳати ислоҳоти соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти замин механизмҳои нави маблағгузорӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд»
ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон, ки сарзамини кӯҳсор аст, аз офатҳои табиӣ хеле осебпазир мебошад. Соли гузашта, дар маҷмӯъ, зиёда аз 550 офати табиӣ, аз ҷумла селу обхезӣ ва ярчу тармафароӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 51 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисоди миллӣ хисороти зиёди молӣ ва моддӣ (қариб 100 миллион сомонӣ) ворид гардид. Дар фасли баҳори соли 2024 низ боришоти пайдарпай ба хоҷагиҳои хонаводагӣ ва кишоварзӣ хисороти зиёд ба бор оварданд. Ин масъаларо зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои миллии рушд, ки имрӯз дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид намуданд.
Президенти Тоҷикистон аз хеле камбориш омадани тирамоҳу зимистони гузашта ёдовар шуда, иброз намуданд, ки ин ҳолат боиси коҳиши манбаъҳои ташаккулёбии захираҳои оби минтақа, ки беш аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд, мегардад.
«Аз ин лиҳоз, бо эҳтимоли зиёд, соли равон низ моро камобиву хушксолӣ дар пеш аст. Дар баробари ин, ҳамасола бо сабабҳои таъсири омилҳои экологию хоҷагидорӣ заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз гардиш берун мемонанд. Ҳоло зиёда аз 40 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор дорад.Чунин ҳолат боиси сарбории иловагӣ ба буҷети давлат мегардад»,- таъкид намуданд Пешвои миллат.
Президенти мамлакат тазаккур доданд, ки ҳамасола бо дастгирии шарикони рушд лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самтҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, обёрӣ ва беҳдошти замин, барқарорсозии чарогоҳҳо ва дигар самтҳо амалӣ мешаванд, аммо ин маблағҳо кофӣ нестанд.
«Бинобар ин, зарур мешуморам, ки ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои устувори пешгирӣ аз пайомадҳои манфии офатҳои табиӣ, ислоҳоти соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти замин механизмҳои нави маблағгузорӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд», — супориш доданд Сарвари давлат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






