«GREENWICH «IGO». Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори 9 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии GREENWICH «IGO» (Лоиҳасозӣ) дар байни наврасони 25 давлати дунё сазовори 9 медал гардиданд, ки аз он 1 ҷои якум, 2 ҷои дуюм ва 6 ҷои сеюм мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми мамлакат хабар медиҳад.
Олимпиадаи байналмилалии GREENWICH «IGO» (Лоиҳасозӣ) аз 8 то 15 июни соли равон дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир аз руйи 12 равия баргузор гардид. Ин олимпиадаи бонуфузи ҷаҳонӣ бо фарогирии зиёда аз 350 нафар баргузор шуд.
Дар олимпиада Тоҷикистонро 12 нафар мактаббачаи Муассисаи таълимии хусусии Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳайати 4 даста намояндагӣ намуд. Дастаҳо дар се самти табиӣ-риёзӣ ва як соҳаи истеҳсоли филм рақобат намуданд. Лоиҳаҳои онҳо бо равишҳои навоварона ва сатҳи баланди иҷро таваҷҷуҳи ҳакамонро ба худ ҷалб кард.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд






