«GREENWICH «IGO». Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори 9 медал гардиданд

Июнь 21, 2024 11:33

ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии GREENWICH «IGO» (Лоиҳасозӣ)  дар байни наврасони 25 давлати дунё сазовори 9 медал гардиданд, ки аз он 1 ҷои якум, 2 ҷои дуюм ва 6 ҷои сеюм мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми мамлакат хабар медиҳад.

Олимпиадаи байналмилалии GREENWICH «IGO» (Лоиҳасозӣ)   аз 8 то 15 июни соли равон дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир аз руйи 12 равия баргузор гардид. Ин олимпиадаи бонуфузи ҷаҳонӣ бо фарогирии зиёда аз 350 нафар баргузор шуд.

Дар олимпиада  Тоҷикистонро 12 нафар мактаббачаи Муассисаи таълимии хусусии Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳайати 4 даста намояндагӣ намуд. Дастаҳо дар се самти табиӣ-риёзӣ ва як соҳаи истеҳсоли филм рақобат намуданд. Лоиҳаҳои онҳо бо равишҳои навоварона ва сатҳи баланди иҷро таваҷҷуҳи ҳакамонро ба худ ҷалб кард.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 21, 2024 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 165 иншооти соҳаи маориф сохта мешавад
Лоиҳаи Стратегияи рушди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф муаррифӣ гардид
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO» соҳиби ду ҷои сеюм шуданд
Дар 150 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе барномаи электронии «eDonish» фаъол гардид
Соли равон 2 ҳазору 233 нафар машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд
Намояндагони Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии «Инфо-Стратегия: «Ҷомеа, давлат, маориф» иштирок намуданд
Маркази миллии тестӣ: «20 июл натиҷаҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ эълон мегарданд»
Дар Душанбе парки техникии Тоҷикистону Туркия таъсис дода мешавад
Донишгоҳи давлатии Бохтарро 53 нафар бо дипломи аъло хатм намуд
Фаъолияти назарраси Донишкадаи Конфутсий дар Тоҷикистон шаҳодати сатҳи баланди ҳамкории ду мамлакат дар соҳаи илму фарҳанг мебошад
55 донишҷӯ Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуд
Жило Гулназарзода: «22 донишҷӯ дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Чин таҳсил доранд»