Гурӯҳи кории шаҳри Душанбе бо сокинони ноҳияи Варзоб вохӯрии судманд баргузор намуд
ВАРЗОБ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо сокинони ноҳия вобаста ба мавзуъҳои «Шарҳи хулосаҳои асосӣ ва вазифаҳои нави гузошташуда дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз 9 марти соли 2024», «Пешгирии либосҳои тарғибкунандаи фарҳанги бегона», «Фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ворид шудан ба пойтахт» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вохӯрии судманд доир гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар медиҳад.
Дар ҷамъомад доир ба мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, пешгирии либосҳои тарғибкунандаи фарҳанги бегона, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ворид шудан ба пойтахт, хатари хурофот ва ифротгароӣ ба арзишҳои миллӣ, сабабҳои асосии гароиши насли наврасу ҷавон ва пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас ва оила, тарғиби ақидаҳои ватандӯстона, илму фарҳанг ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша карда шуд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода гуфт, ки дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар будааст. Рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ, афзалияти ҳуқуқу озодии инсон, риоя ва эҳтиромгузорӣ нисбат ба арзишҳои инсонӣ ва монанди ин тасаввур намудан ғайриимкон аст. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ – бунёди ҷомеаи адолатпарвар, демократӣ ва ҳуқуқбунёд эҷоду таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии сарнавиштсозу адолатпарварро ба роҳ монда, дар заминаи он бо роҳҳои гуногуну мақсаднок маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеаро бояд боло бурд. Зеро маҳз фаҳмиши дурусти мазмуни қонунгузорӣ метавонад инсонро субъекти комилҳуқуқ гардонад.


Ҳамчунин гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин таъкид намуданд, ки «мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани миллии мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ буда, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст».
Иброз гардид, ки ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки миллати сарбаланди тоҷик онро дарк карда, дастури зиндагии ҳаррӯзааш қарор додааст. Сокинони ноҳияи Варзоб дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба хубӣ дарк намуда, сиёсати хирадмандонаю созандаашонро дастгирӣ менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб








ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад






