Рустами Эмомалӣ: «Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакону наврасон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошад»

Июнь 1, 2024 09:33

ДУШАНБЕ, 01.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни табрикот бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон иброз доштанд, ки дар баробари кишварҳои ҷаҳон масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва наврасон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар идома таъкид намуданд, ки дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва инсонпарваронаи мо вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат ва аҳли ҷомеа аз фароҳам овардани муҳити ба кӯдакон созгор, таъмини зиндагии хушбахтона, таълиму тарбияи мукаммал ва муҳимтар аз ҳама, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон иборат мебошад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳамаи онҳое, ки фаъолияташон бо тарбия, таълим, ҳифзи иҷтимоӣ, рушди маънавӣ ва камолоти кӯдакон алоқаманд аст, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 1, 2024 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд