Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар Олмон муаррифӣ гардид

Июнь 15, 2024 11:32

ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Берлин имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин чорабинӣ  Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов доир ба муҳимтарин тасмимҳои Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ маъруза намуда, имконияти фаровони сайёҳӣ, таърихи куҳан ва фарҳанги бойи тоҷиконро ба хабарнигорон муаррифӣ намуд.

Роҳбари Иттиҳодияи хабарнигорони соҳаи сайёҳии Олмон — CTOUR Ҳанс-Петер Гаул иброз намуд, ки баргузории чунин чорабинии муштарак ба афзоиш ёфтани таваҷҷуҳи доираҳои иттилоотии кишвари Олмон ба зарфияти сайёҳии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Дар ҳамоиш Сафири Тоҷикистон дар Олмон ба саволҳои иштирокчиён оид ба паҳлуҳои гуногуни рушди соҳаи саёҳии мамлакат, бахусус сода гардидани раванди сафар ба Тоҷикистон посух дод.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 15, 2024 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд