Имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ дар Риёз муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар доданд.
Форуми мазкур дар доираи татбиқи“Нақшаи амали муштараки муколамаи стратегӣ ва ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ барои солҳои 2023-2027”, ки зимни Саммити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ 19 июли 2023 дар шаҳри Ҷидда бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд, доир шуд.
Дар кори форуми сармоягузорӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, масъулони мақомоти давлатӣ ва роҳбарону намояндагони ширкатҳои пешсафи бахши хусусии Тоҷикистон иштирок намуд.
Дар ҷаласаи пленарии Форум, ки таҳти раёсати Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ ҷараён гирифт, роҳбари ҳайати Тоҷикистон суханронӣ карда, дар бораи фазои сармоягузорӣ ва самтҳои авлавиятноки рушди иқтисоди кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Инчунин дар доираи форум ҷаласаҳои панелӣ дар мавзуъҳои “Инфрасохтор ва рушд”, “Энергияи таҷдидёбанда ва тоза”, “Кишоварзӣ ва амнияти ғизоӣ” ва “Истихроҷи маъдан ва металҳо” баргузор шуданд, ки дар кори онҳо муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, роҳбари ширкати “Барх Консалтинг”, ҳамраиси Шурои кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ Ш. Самиев ва намояндаи ширкати “Талко” Т. Назаров иштирок ва суханронӣ намуданд.








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






