Имрӯз дар Эрон интихоботи пешазмуҳлати президентӣ баргузор мешавад

Июнь 28, 2024 10:34

ДУШАНБЕ, 28.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Эрон интихоботи пешазмуҳлати президентӣ баргузор мешавад. Участкаҳои интихоботӣ соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ кушода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ хабар медиҳад.

Дар интихобот чор номзад, аз ҷумла Раиси парлумон Муҳаммадбоқир Қолибоф, намояндаи пешвои руҳонӣ дар Шурои амният Сайид Ҷалилӣ, собиқ вазири корҳои дохилӣ ва адлия Мустафо Пурмуҳаммадӣ ва собиқ вазири тандурустӣ Масъуд Пизишкиён иштирок менамоянд

Овоздиҳӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Эрон баргузор мешавад. Дар қаламрави Эрон тақрибан 60 ҳазор участкаи интихоботӣ ва 90 ҳазор нуқтаи овоздиҳӣ фаъолият менамояд. Тақрибан 344 участка барои эрониҳое, ки берун аз Эрон қарор доранд, фаъолият хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки 19 май дар вилояти Озарбойҷони Шарқӣ дар шимоли Эрон чархболи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ суқут кард. Ӯро вазири корҳои хориҷӣ Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва як қатор ходимони давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамроҳӣ мекарданд. Ҳамаи мусофирон ва аъзои ҳайати сарнишинони чархбол ба ҳалокат расиданд. Аз ин рӯ, интихоботи 14-уми президентии имрӯза интихоботи ғайринавбатӣ  мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 28, 2024 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!