Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 33 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 02.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво 33 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.








Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






