Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад

Июнь 12, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 19+24  дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15+20  дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19+21 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 12, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст