ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ РУСӢ. Дар Тоҷикистон 59 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра бо забони русӣ фаъолият мекунад

Июнь 6, 2024 13:17

ДУШАНБЕ, 06.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн Рӯзи байналмилалии забони русӣ мебошад. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст.

Дар Тоҷикистон ба таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Далели ин 4 апрели соли 2003 ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор маҳсуб мешавад. Сарвари давлат зимни яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «ҳамеша бояд дар ёд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст».

Бо ин мақсад бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 апрели соли 2024 кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоти давлатӣ ба муҳлати яку ним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта мешаванд.

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 барои омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон якчанд даври омӯзишӣ мегузаронад.

Гуфта мешавад, ки баргузории даврҳои омӯзишӣ дар асоси «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019 тасдиқ шудааст, амалӣ мешавад.

Дар доираи ин даврҳо якчанд чорабиниҳо бахшида ба ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо додани шаҳодатномаи такмили ихтисоси намунаи давлатии русӣ бо ҳуқуқи кор дар давлатҳои Иттиҳои Давлатҳои Мустақил амалӣ мешаванд. Инчунин даврҳои бозомӯзии касбии омӯзгорони фанни забони русӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон ба забони тоҷикӣ бо таваҷҷуҳ ба мактабҳои дурдасти деҳот ва баъдан додани дипломи бозомӯзии касбӣ аз рӯи намунаи муқарраршуда ба нақша гирифта шудааст. Диплом ҳуқуқи пеш бурдани фаъолияти касбиро тасдиқ мекунад ва имкон медиҳад, ки аз аттестатсия аз рӯи ихтисоси муаллимони забони русии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон ба забони тоҷикӣ гузарад.

Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ «Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ»-ро тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии мамлакат, шуруъ аз синфи дуюм меомӯзанд.

Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст ва он барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар айни замон дар ҷумҳурӣ 59 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилаш пурра бо забони русӣ фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳо 37 ҳазору 386 нафар хонанда таҳсил менамояд.

Инчунин дар ҷумҳурӣ 185 муассисаи таълимии омехта фаъолият менамоянд, ки дар онҳо синфҳои таълимашон бо забони русӣ мавҷуд ҳастанд. Дар ин муассисаҳо 96 ҳазору 338 хонанда таҳсил менамоянд.

Дар умум, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 244 муассисаи таҳсилоти умумӣ синфҳои таълимашон бо забони русӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 133 ҳазору 724 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 9  ҳазору  216 омӯзгор аз фанни забони русӣ дарс мегӯянд, ки аз ин шумора 6044 нафарашон занон мебошанд.  Солҳои охир дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ки омӯзгорони ин фан намерасиданд, аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ дар шуъбаҳои ғоибонаи муассисаҳои миёна ва олии  мамлакат  омӯзгорон тайёр карда мешаванд ва бо ҳамин роҳ норасоии кадрӣ қариб, ки аз байн меравад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2024 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Риояи талаботи муқаррароти қонунҳои миллӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ доир гардид
Дар Душанбе маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор дар майдони 210 гектар кишти такрорӣ мегузаронанд
Дар Суғд биноҳои иловагии Маркази клиникавии эндокринологӣ ва Маркази саратоншиносӣ сохта мешавад
Дар оянда мусофирон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон сарҳадро тавассути «дарвозаи электронӣ» убур менамоянд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
Беш аз 13 ҳазор гектар заминҳои корам дар ноҳияҳои Восеъ ва Фархор ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд
Дар маҳаллаи «Фалакон»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт доир ба маърифати хонадорӣ барои духтарони ҷавон чорабинӣ баргузор шуд
Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон шинос гардид
СОЛИМИИ МИЛЛАТ-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Соли равон беш аз 87 ҳазор зан аз ташхиси фаросавтӣ гузашт
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: «Эълон оид ба пардохти маблағ аз ҷониби вазорат асоси воқеӣ надорад»