Иштирокдорони Раванди оби Душанбе ба тамошои Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафари ҳайати меҳмонони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Роғун оғоз гардид. Масъулини шаҳри Роғун меҳмононро бо садои карнаю сурнай ва дигар анъанаҳои зебои меҳмоннавозии тоҷикона пешвоз гирифтанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ин сафар зиёда аз 100 нафар меҳмон аз дохил ва хориҷи мамлакат иштирок дошта, онҳо бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти азими аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос мешаванд.
Ҳамзамон барои онҳо дастурхони тоҷикӣ ороста шуда, таомҳои миллӣ пешниҳод мешавад.
Суратгузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин сафар пешниҳод мегардад.
Нарзулло ҶӮРАЕВ,
Зоҳирҷони ТОИРЗОД (АКС),
АМИТ «Ховар»