ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт ҷаласа доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласа таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода доир гардид.
Дар ҷаласа Ашӯрбой Солеҳзода иброз намуд, ки барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар мамлакат, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, пайдоиши заминаҳо ва ё барномаҳои нави телефонӣ, беҳтар гардидани хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ва дигар қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тасвиб расида, дар доираи онҳо як қатор тадбирҳои мушаххас ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст.
Таъкид гардид, ки бо мақсади тезонидани суръати рушди иқтисоди мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи технологияҳои рақамӣ ва дарёфти манбаъҳои иловагии рушд «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардида, ҷиҳати амалинамоии тадбирҳои пешбинигардидаи ин барнома, барасии мавзуи мазкур муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Дар ин раванд, намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вобаста ба корҳои анҷомдодашуда бо мақсади рушди иқтисоди рақамӣ, бахусус вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самт тариқи рӯнамо гузориш доданд.
Дар баррасии масъалаи рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аъзои Ситод муҳокимаронӣ ва таклифҳо пешниҳод карданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






