ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон вобаста ба вусъат додани ин низом машварати омӯзишӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ҷиҳати шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар мавзӯи «Пардохтҳои ғайринақдӣ- омили рушди низоми бонкӣ» бо намояндагони бонкҳои ҷумҳурӣ машварати омӯзишӣ доир гардид,хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин Ассотсиатсия.
Дар оғоз Раиси Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дарҷгардида ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» иброз дошт, ки дар шароити рушди илму техника ва технологияҳои муосир мо ҳамарӯза дар қатори мафҳумҳои иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ, иқтисодиёти рақамӣ бо мафҳуми «ҳукумати электронӣ» рӯ ба рӯ мегардем.
«Таҳқиқот нишон медиҳад, ки бо ташкилшавии «ҳукумати электронӣ» самаранокии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба сатҳи сифатан нав расида, дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ ва иттилоот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ боз ҳам қулай мегардад»,-афзуд номбурда.
Муовини директори департаменти низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон зарурати гузариш ба шакли нави ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ибораҳои гардиши воситаҳои имзои электронӣ – рақамӣ, ҳуҷҷатгузории электронӣ, савдои электронӣ, системаи электронии пардохтҳо, смарт — кортҳои қабулкунандагони хизматҳо, смарт- кортҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, алоқаи мобилӣ, системаи моҳворагӣ, ҳуҷҷатҳои интерактивиро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод.
Ҳамзамон дар ҷамъомад таъкид гардид, ки гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ на танҳо аз низоми бонкӣ вобастагӣ дорад, балки андешидани чораҳои дахлдорро аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту идораҳо талаб менамояд, ки айни замон масъалаи муҳим аст.
АКС: Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






