ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Омӯзгори ноҳияи Муъминобод хонаводаашро бо маҳсулоти замини наздиҳавлигиаш таъмин менамояд
МУЪМИНОБОД, 09.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори Ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод Нусратулло Бозоров замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода бурда, дар он сабзавоти гуногун ва дар баробари ин дарахтони мевадиҳанда низ парвариш намудааст, итилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Гуфта шуд, ки омӯзгор дар вақти фориғ аз кори таълиму тарбия вақти худро дар замини наздиҳавлигиаш мегузаронад. Аҳли хонадон ҳар сол аз ҳосили ин дарахтон садҳо қуттии шартӣ шарбату мураббо омода мекунанд.
Тавре Нусратулло Бозоров иттилоъ дод, дар натиҷаи заҳмати худ картошкаю пиёз, сирпиёзу сабзӣ ва дигар намуди маҳсулотро, ки ба иқлими минтақа мутобиқ мебошанд, парвариш ва ҷамъоварӣ намуда, барои ду соли оянда захира менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод аз ҳисоби кормандони мақомот, фаъолони ноҳия ва агрономон дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот гурӯҳҳои корӣ ташкил намудааст. Аъзои гурӯҳ бо усули хона ба хона амал намуда, ба ҳар оила тарзи истифодаи замин, интихоби тухмӣ ва муҳлати кишти маҳсулотро мефаҳмонанд.
АКС: АМИТ Ховар








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






