КИРМАКПАРВАРӢ. Хоҷагиҳои ноҳияи Рашт истеҳсоли 21 тонна пиллаи хушсифатро ба нақша гирифтаанд

Июнь 23, 2024 14:14

РАШТ, 23.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварони ноҳияи Рашт бо риоя намудани қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак зиёда аз 7 тоннаю 17 килограм пиллаи хушсифат истеҳсол намуданд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки соли равон истеҳсоли пилларо ба 21 тоннаю 500 килограм расонанд. Дар ин хусус намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар ноҳияи Рашт Сайаттор Халилов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар асоси Барномаи «Рушду тараққиёти соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди он барои солҳои 2020-2024» дар ноҳияи Рашт 612 қуттии кирми кирмак ба 621 хоҷагии кирмакпарвари ҷамоатҳои деҳоти ноҳия тақсим карда шуд, ки хушбахтона, парваришу нигоҳубини кирм хуб буда, пиллапарварон ҳосили нағз ба даст оварда истодаанд.

Айни замон дар иҷрои нақшаи истеҳсоли пилла ҷамоатҳои деҳоти Аскалон, Тагоба ва Оби Меҳнат пешқадам буда, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар ноҳияи Рашт аз кирмакпарварон як килограмм пиллаи омехтаи истеҳсолшударо ба маблағи 18 сомонӣ харидорӣ намуда, кирмакпарварони фаъолро бо туҳфаҳо ҳавасманд мегардонад.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат 21 декабри соли 2021 баён гардид, ки «ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус барои занону духтарон имконият медиҳад ва дар ин замима сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намояд. Дар робита ба ин, замини тутзор ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд»

Хотиррасон мешавем, ки 1 декабри соли 2022 дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш дар иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.

Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми тоҷик ва соҳаи сердаромаду афзалиятнок маҳсуб шуда, истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад.

Дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» амал мекунад, ки мақсади асосии барномаи мазкур фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳои бевосита ба соҳа ба шумор меравад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Июнь 23, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни ҷумҳуриявии «Таҳияи Платформаи рақамии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ҷамъбаст гардид
Таҷдид ва навсозии гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо намояндагони Бонки Осиёии рушд баррасӣ шуд
Масъалаи ҷалби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои саҳроӣ ва таъмини оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Барномаи стипендияи Ҷопон дар рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ муаррифӣ шуд
Дар Тошканд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ вохӯрии солонаи байниминтақавии сатҳи баланд баргузор шуд
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид