КИРМАКПАРВАРӢ. Хоҷагиҳои ноҳияи Рашт истеҳсоли 21 тонна пиллаи хушсифатро ба нақша гирифтаанд

Июнь 23, 2024 14:14

РАШТ, 23.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварони ноҳияи Рашт бо риоя намудани қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак зиёда аз 7 тоннаю 17 килограм пиллаи хушсифат истеҳсол намуданд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки соли равон истеҳсоли пилларо ба 21 тоннаю 500 килограм расонанд. Дар ин хусус намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар ноҳияи Рашт Сайаттор Халилов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар асоси Барномаи «Рушду тараққиёти соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди он барои солҳои 2020-2024» дар ноҳияи Рашт 612 қуттии кирми кирмак ба 621 хоҷагии кирмакпарвари ҷамоатҳои деҳоти ноҳия тақсим карда шуд, ки хушбахтона, парваришу нигоҳубини кирм хуб буда, пиллапарварон ҳосили нағз ба даст оварда истодаанд.

Айни замон дар иҷрои нақшаи истеҳсоли пилла ҷамоатҳои деҳоти Аскалон, Тагоба ва Оби Меҳнат пешқадам буда, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар ноҳияи Рашт аз кирмакпарварон як килограмм пиллаи омехтаи истеҳсолшударо ба маблағи 18 сомонӣ харидорӣ намуда, кирмакпарварони фаъолро бо туҳфаҳо ҳавасманд мегардонад.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат 21 декабри соли 2021 баён гардид, ки «ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус барои занону духтарон имконият медиҳад ва дар ин замима сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намояд. Дар робита ба ин, замини тутзор ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд»

Хотиррасон мешавем, ки 1 декабри соли 2022 дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш дар иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.

Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми тоҷик ва соҳаи сердаромаду афзалиятнок маҳсуб шуда, истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад.

Дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» амал мекунад, ки мақсади асосии барномаи мазкур фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳои бевосита ба соҳа ба шумор меравад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Июнь 23, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи таҳияи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол дар майдони беш аз 6 ҳазор гектар картошка кишт гардид
РУШДИ САНОАТ. Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот меафзояд
Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон ва Ташкилоти патентии Авруосиёӣ ҳамкориро тавсеа мебахшанд
Соли равон дар вилояти Суғд 55559 тонна картошка ва 37415 тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст
Дар Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ сохта мешавад
Дар Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор интиқол медиҳанд, манъ аст
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Маркази СММ оид ба содагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ иштирок намуд
Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ соли равон ба маблағи беш аз 153 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст
Коргоҳи «Гулдасти Бӯстон» 3500 либоси мактабӣ истеҳсол менамояд
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол зиёда аз 196 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор дар соли равон беш аз 2 миллиард сомониро ташкил дод