Конфронси Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории авиатсияи граждании Чин ва Осиёи Марказӣ (C5+1) баргузор гардид
ДУШАНБЕ.20.06.2024/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Конфронси Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории авиатсияи граждании Чин ва Осиёи Марказӣ (C5+1) баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия».
Дар конфронс роҳбарият ва намояндагони Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасониҳои аэронавигатсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Чин иштирок намуда,масъалаҳои пурзӯр намудани таъмини бехатарии парвоз дар минтақа ва ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро баррасӣ намуданд.
Дар конфронс аз Тоҷикистон намояндаи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» сухан намуд.
Инчунин намояндаи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо муовини якуми директори генералии Бюрои ҳаракаи ҳавоии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Миао Шуан ва дигар намояндагону мутахассисони Бюрои мазкур вохӯрии судманд анҷом дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ омодагии худро иброз намуданд. Инчунин доир ба аҳамияти ифтитоҳи хати ҳавоии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки соли 2023 амалӣ гардид, табодули афкор намуда, оид ба татбиқи марҳилаи дуюми он ҳусни тафоҳум карда шуд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»








Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






