«КОНСТИТУТСИЯ ВА 30 ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР РОҲИ ВАҲДАТ ВА ҚОНУНИЯТ». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Ванҷ конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 июн дар ноҳияи Ванҷ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоқикистон таҳти унвони «Конститутсия ва 30 қадами устувор дар роҳи ваҳдат ва қонуният» конференсия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иброз дошт, ки «Конститутсия ҳамчун таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқии сохтори давлатдории навини Тоҷикистон дар ин масири бисёр мураккаб ва мушкили ҳастии миллат ду қутби мавҷудияти минбаъдаи он, яъне Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллиро наҷот ва таҳким бахшид. Пас аз се соли қабули Конститутсия тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои даргир ба ҳам омада, Ваҳдати миллӣ таъмин гардид».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 вобаста ба 30- солагии қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар ҳаёти ҷомеа чунин иброз доштанд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллатро, бешубҳа, Конститутсия ташаккул медиҳад, ки он ҳамчун қонуни асосии мамлакат арзиши олии ҳуқуқӣ дошта, ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат медиҳад.
Иброз гардид, ки дар Конститутсия арзишҳое дарҷ гардидаанд, ки мазмун ва моҳияти маърифати ҳуқуқиро ифода менамоянд. Меъёрҳои конститутсионӣ, ба монанди арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷониби давлат кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд ва ғайра дар умум ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро ташкил медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки 6 ноябри имсол 30-солагии Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






