Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии шуъбаҳои маориф дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 03.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии шуъбаҳои маориф дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Биноҳои маъмурии шуъбаҳои маориф тибқи лоиҳаи иншоот аз 3 ошёна иборат мебошанд.
Ҳамзамон дар ҳудуди қитъаи замин сохтмони бинову иншооти ёрирасон ва ободонию сабзазоркунии атрофи иншоот пешбинӣ гардидааст.
Зимни оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш гуфта шуд, ки биноҳои маъмурии шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт 24-26 июни соли 2019 баён доштанд, ба нақша гирифта шуда, муҳлати ба истифода супоридани иншоот соли 2026 пешбинӣ гардидааст.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






